Баъд аз зуҳри 5 июл дар минтақаи марзии Ӯзбекистон афтидани панҷ мушак, ки эҳтимол аз қаламрави Афғонистон партоб шудааст, мушоҳида шуд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ҳангоми афтидани мушакҳо таркиш ба амал наомада, дар натиҷа талафоти инсонӣ ва тахриб дар пай надоштааст.
"Дар маҳаллаи "Маҷнунтол"-и Тирмиз ба чаҳор хонаи шахсӣ хисороти ночиз расида, мушаки панҷум аз майдони футбол пайдо шуд." - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад айни ҳол мақомоти қудратии Ӯзбекистон ба ҳамроҳи тарафи Афғонистон дар ҳоли анҷоми иқдомоти лозим барои муайян кардани сабаби ин ҳодиса ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки бино ба гузориши гурӯҳи SITE, шохаи “Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 18-уми апрел гуфта буд, ба як пойгоҳи низомии Ӯзбекистон дар шаҳри наздимарзии Тирмиз 10 мушак партофт.
Сухангӯи президенти Ӯзбекистон, Шерзод Асадов, рӯзи 19-уми апрел хабарҳоро дар бораи он ки гӯё марзбонони ин кишвар аз хоки Афғонистон мушакборон шудаанд, беасос хонда буд.
Ҳукумати Ӯзбекистон ва Вазорати дифоъ ҳам иддаои гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро дар мавриди ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба ҳуҳуди кишварро рад карда буд.
Он замон гуруҳи "Толибон" ҳам хабарҳои ҳамлаи гуруҳи ДОИШ аз Афғонистон ба Ӯзбекистонро рад карда буданд. Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Толибон, 19 апрел бо интишори твите партоб шудани ракет аз хоки Афғонистон ба шаҳри Тирмизи Ӯзбакистонро овоза хонда ва рад карда буд.
“The Independent”: Маҳдӣ Муҷоҳид дар Эрон боздошт ва ба Толибон* супорида шуд
Ҷашнвораи 15-уми "Боми ҷаҳон" ба Хоруғ бармегардад
Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст
Дучархаи ба хотири қатли сайёҳон гузошта куҷо шуд? Шарҳи раҳбарияти ноҳияи Данғара
Таркиш дар масҷиди Кобул дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт
Чин хостори густариши равобит бо Толибон* шуд
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои одамрабоӣ дар Дубай маҳкум шуданд
Сафири ИМА дар Хоруғ чӣ кор мекард ва чӣ гуна Амрико ба ВМКБ кумак мекунад?
Медали биринҷии ҷудокорони тоҷик дар ҳисоби даставӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шевченкои Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста