Эдил Байсалов, муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон сабаби бекор кардани тамринҳои СААД – “Бародарии шикастнопазир – 2022” дар кишвараш ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои “Сарҳад-2022” дар Тоҷикистонро мухолифати афкори ҷамъиятӣ ба ин тамринҳо унвон кардааст. Дар ин бора ӯ ба РИА Новости иброз намудааст.
“Мо узвияти комилан шикастнопазири СААД-ро дорем, мо бо ин созмон, бо мандат, бо рисолат ва оинномаи он ягон мушкил надорем. Аммо, албатта, бо назардошти рӯйдодҳои ахир, ҳоло аламҳо тоза аст", - гуфтааст ӯ ба хабарнигори РИА дар Маркази сиёсати амниятӣ дар Женева ва мушаххас кардаст, ки сухан дар бораи даргириҳои низомӣ бо "ҳамсояи тоҷик"-аш меравад. "Вазъият тавре шакл гирифтааст, ки афкори ҷамъиятии Қирғизистон аз ҳузури ҷузъу томҳои мусаллаҳи ҳамсояи тоҷики мо дар ин машқҳо истиқбол нахоҳад кард", - афзудааст Байсалов.
Қаблан мақомоти Қирғизистон аз бекор кардани тамринҳои СААД - “Бародарии шикастнопазир – 2022” дар кишварашон ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои “Сарҳад-2022” дар Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, аммо дақиқан сабабашро шарҳ надода буданд.
Ҳамакнун, ин аввалин мансабдори воломақоми Қирғизистон аст, ки расман сабаби катъи тамрин ва худдорӣ аз иштирок дар тамринҳои Тоҷикистонро шарҳ медиҳад.
"Вале бе онҳо (Тоҷикистон – идора.) намешавад гӯем, ки "шумо намеоед, аммо қазоқҳо, русҳо ва белорусҳо биёед”. Ин тавр намешавад, мо маҷбур шудем. иштирокро лағв кунем ва дар тамоми пойтахтҳои давлатҳои аъзои СААД мутлақо ин тасмими моро дарк мекунанд. Аммо мо аз он нигаронем, ки ин тасмими мо нодуруст шарҳ дода мешавад ва тахминҳо дар ин бора комилан бемасъулиятона аст”, - хулоса кардааст Эдил Байсалов.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад миёни ду кишвар баҳсҳои шадид доранд ва баъзан ин баҳсҳо боиси сар задани муноқиша дар сарҳад низ мешавад. Охирин муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳади ин ду кишвар 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо каси дигар захмӣ шуданд.
Пас аз имзои созиши ду ҷониб барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад ва ҳалли мусолиҳатомези баҳсҳои ҷойдошта, мансабдорони Қирғизистон ба истифодаи суханҳои иғвоангез нисбати Тоҷикистон идома медиҳанд, ки чандин маротиба боиси нигаронии ҷониби Тоҷикистон шуд.
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 1
Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд
Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 апрели соли 2025
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста