Дар як шифохонаи кӯдаконаи вилояти Самарқанди Ӯзбакистон 18 кӯдак, ки қабл аз ворид шудан ба бемористон доруи “Док-1 Макс” истеъмол карда будаанд, вафот кардаанд. Дар ин бора хабаргузории “Фарғона бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод. Қаблан гуфта мешуд, ки 15 кӯдак бар асари истеъмоли ин дору фавтидаанд.

Бояд гуфт, ки барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур Агентии рушди саноати фармасевтии назди Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гурӯҳи махсуси корӣ таъсис додааст.

“Таҳқиқоти пешакии лабораторӣ нишон доданд, ки дар таркиби ҳаб ва шарбати “Док-1 Maкс” маводи этиленгликол (этиленгликоль) будааст”, - шарҳ додааст вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

Аз 22-юми декабр фурӯши ин дору дар қаламрави Ӯзбекистон пурра қатъ шудааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дар рафти омӯзиши вазъият маълум гардидааст, ки волидони кӯдакони фавтида ин доруро ҳамчун доруи зидди сармо худашон ё бо тавсияи кормандони дорухона додаанд. Қабл аз ба шифохона интиқол ёфтан, кӯдакон “Док-1 Maкс”-ро дар хона, давоми ду то ҳафт рӯз, се-чор маротиба дар як рӯз истеъмол мекардаанд.

“Бо назардошти ҳамаи ҳолатҳои вайрон кардани қонун, ки аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорат дар рафти омӯзиш муайян гардидаанд, 7 нафар корманди масъул бинобар хунукназарӣ нисбат ба вазифаҳои худ ва сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ аз вазифа озод карда шуданд”, - гуфтанд дар Вазорати тандурустии ин кишвар.

Дар ҳамин ҳол, Алия Юнусова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Ӯзбекистон бо ҳамроҳии намояндагони додситонӣ ва як гурӯҳ кормандони тиб ба омӯзиши ин ҳодиса машғул шудаанд. Онҳо маълум кардаанд, ки дар моҳҳои сентябр-декабр 21 нафар кӯдакон бо бемории норасоии шадиди гурда дар шифохонаи кӯдаконаи вилояти Самарқанд муоина ва табобат шудаанд. Аз ин теъдод, 3 нафар шифо ёфта, 18 нафари дигар фавтидаанд.

Алия Юнусова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Ӯзбекистон
Акс аз uznews.uz

Зимни сӯҳбат хешовандони беморон изҳор доштанд, ки дар кӯдакон аломатҳои сармо пайдо шуда, вазъи онҳо пас аз истеъмоли доруи “Док-1 Maкс” бадтар шудааст. Коршиносон ба он таваҷҷуҳ кардаанд, ки дар дастур оид ба истифодаи дору синни истеъмоли онро аз ду сола боло нишон дода шудааст. Дар ҳоле, ки ширкатҳои дигар истифодаи чунин доруҳоро аз синни 12-солагӣ иҷоза медиҳанд.

Ҳоло дар ин замина тафтишот идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҳаб ва сиропи “Док-1 Макс” аз ҷониби ширкати “Marion Biotech Pvt”-и Ҳиндустон истеҳсол карда мешаванд. Ин дору дар Ӯзбакистон аз соли 2012 ба фурӯш бароварда шуда, Агентии фармасевтӣ итминон додаст, ки ҳар як силсилаи доруворӣ бо додани сертификати мутобиқат санҷида шудааст.

Оё дар Тоҷикистон "Док-1 Maкс" ҳаст?

Пас аз гузориш дар бораи марги кӯдакон дар вилояти Самарқанд, санаи 23 декабр, мо аз чанд дорухонаи шаҳри Душанбе ин навъи доруро пурсон шудем. Ҳам дар шакли ҳаб ва ҳам шарбат натавонистем пайдо намоем.

Доруфурӯшон мегӯянд, ки талабот ба ин навъи дору дар кишвар зиёд нест.

“Одатан беморон бо дорухати духтур меоянд. Дар дорухатҳо ин навъи дору зикр намешавад ва аз ин лиҳоз, мо онро барои фурӯш намеорем”, - гуфт яке аз фурӯшандагони доруворӣ дар пойтахт.

Дар Вазорати тандурустӣ ҳам ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ин навъ дору як сол ин ҷониб ба Тоҷикистон ворид намешавад.

Оҷонсии иттилооти  “Авеста” низ бо такя ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки соли ҷорӣ доруи “ДОК-1 Макс” дар шакли шарбат ва ҳаб ба кишвар ворид нашудааст ва маротибаи охир ин дору ба кишвар соли 2021 ворид шудааст.

Ин расона аз қавли манобеи худ менависад, ки “ин навъи дору дар дорухонаҳо дар фуруш ҳаст, вале аз он шикояте то ҳол ворид нашудааст”.

“Мо барои муваққатан боздоштани фурӯши доруи “ДОК-1 Макс” асос надорем. Хушбахтона, дар натиҷаи истифодаи ин дору ягон ҳодисаи мушкилшавӣ ё маргу мир ба қайд гирифта нашудааст, бахусус аз он замоне, ки мо фурӯши маҳсулоти дорусозиро қатъӣ назорат дорем”, - иқтибос овардааст “Авеста”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.