Дирӯз, 26-уми декабр, дар Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар ин мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶҚ генерал-майор Уларбек Шаршеев, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намуданд.
"Дар мулоқот ҷонибҳо рафти таъмини иҷрои протоколҳои қаблан имзошуда, аз ҷумла протоколи рақами 42 -ро баррасӣ карда, аз вазъи иҷрои ин ҳуҷҷат изҳори қаноатмандӣ карданд",-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад тарафҳо таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро зарурӣ ҳисобида, таъкид кардаанд, ки минбаъд тамоми масъалаҳои ба миён омада дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ҳал карда шавад. Роҳбарони ҳайатҳо протоколи нав ба имзо расонидаанд.
Гуфтан зарур аст, ки охирин мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд баргузор гардида буд, ки зимни он ҷонибҳо “тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд”.

Дар шаҳри Душанбе бошад, бори охир 14-уми ноябри соли 2022 таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласа оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардида буд.
Он замон ҳам ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи дахлдорро ба имзо расонида, ҷузъиёти онро ба расонаҳо ироа накарда буданд.
Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ дар Ню-Йорк гуфта буд, дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон даҳҳо протокол имзо шуда, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.
“Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд 602,5 км сарҳадро аломатгузорӣ намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода кунанд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии марзро ташкил медиҳад”, - гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.
Он замон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари СММ афзуда буд, “боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд”.
Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста