Содир Ҷабборов, Президенти кунунии Қирғизистон ҳамаи президентҳои собиқи ин кишварро сари як дастархон, аммо берун аз кишвар, ҷамъ кардааст.
Эрбол Султонбоев, сухангӯи президент гуфтааст, дар ин мулоқот президентҳои пешин Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев, Роза Отунбоева, Алмосбек Отамбоев ва Сооронбой Ҷеенбеков ширкат кардаанд. Ин мулоқот дар Дубай сурат гирифтааст, хабар медиҳад пойгоҳи хабарии Kaktusmedia.
Султонбоев гуфтааст, тафсилоти мулоқот дар муроҷиати Содир Ҷабборов ироа мегардад.
Дар ҳамин ҳол, Аскар Акаев, президенти собиқи Қирғизистон бо истиқбол аз мулоқоти мазкур навиштааст, ки “мустахкам намудани давлатдорию ваҳдати мардум вазифаи бевоситаю асосии конститутсионии президенти кишвар аст ва хурсандиовар аст, ки вай ба пурра ба амал баровардани ин вазифа шуруъ кардааст”.
“Шахсан ман ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳамкасбонамро ба ояндаи обод ва таҳкими субот дар ҷомеаи Қирғизистон даъват кардам”, - навиштааст Аскар Акаев.
Алмосбек Отамбоев, президенти дигари пешини Қирғизистон, ки ҳафтаи гузашта аз зиндон раҳо шуд, дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки “ибтидо ӯро танҳо ба мулоқоти президент Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев даъват карда буданд” ва ӯ дар хусуси сулҳу ваҳдат суҳбат кардааст.
"Аммо дар охири мулоқот вазъе пеш омад, ки ман бидуни хайру хуш онро тарк кардам. Барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвари мо як чиз аст ва баргаштани Боқиевҳо ба Қирғизистон комилан чизи дигар. Ин дуро якҷо кардан натиҷаи комилан дигар медиҳад. Хуни зиёде рехта шудааст, чизҳои зиёде ҳаст, ки набояд фаромӯш шаванд ва фаромӯш нахоҳанд шуд. Албатта, ки бояд гунаҳкорон посух диҳанд. Ва нахуст бояд наздикони кушташудаҳо бахшанд. Ва ман умедворам, ки президент Содир Ҷабборов маро мешунавад ва тасмими дуруст мегирад”, - омадааст дар изҳороти Отамбоев.
Худи Содир Ҷабборов дар саҳифаи фейсбук навишт, ки бо ҳамаи президентҳои пешини кишвараш мулоқот кардааст. Вай навишт, “то замоне, ки роҳбарон муттаҳид нашаванд, ҷонибдорони онҳо муттаҳид нахоҳанд шуд”. Ба гуфтаи вай, “онҳо тавонистанд, ки ҳамдигарро бахшанд”.
Бояд гуфт, ки дар солҳои мутақилии Қирғизистон онро Аскар Акаев (1991-2005), Қурмонбек Боқиев (2005-2010), Роза Отунбоева (2010-2011), Алмосбек Отамбоев (2011-2017) ва Сооронбой Ҷеенбеков (2017-2020) роҳбарӣ кардаанд.
Акаев баъди инқилоби соли 2005 фирор кард, Боқиев баъди инқилоби соли 2010. Акае дар Русия ва Боқиев дар Белорус зиндагӣ мекунанд.
Роза Отунбоев кишварро баъди инқилоби соли 2010 роҳбарӣ кард. Ва Отамбоев президенти интихобшуда муҳлати муйаяни президентиро ба поён расонид. Вай 3,5 сол зиндонӣ буд ва охири ҳафтаи гузашта озод шуд. Ҷеенбеков баъди ҳодисаҳои октябрии соли 2020 пеш аз муҳлат президентиашро қатъ кард.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста