Дирӯз, 13-уми апрел дар Самарқанд нишасти чаҳоруми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бар иловаи Русия баргузор шуд, ки дар он раҳбарони ниҳодҳои умури хориҷии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Покистон, Русия ва Туркманистон ширкат доштанд.

Кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Дар нишасти Самарқанд вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон, рушди иқтисодии минтақа ва иҷрои тарҳҳои ҳамлу нақл ва энержӣ бо иштироки намояндагони Толибон* баррасӣ шуд.

“Зимни ҳамоиш ҷонибҳо вазъи кунунии Афғонистон, иҷрои талаботи асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ – таъсиси ҳукумати фарогир, таъмини дастрасии занони афғон ба кор ва таҳсил, эҳтироми онҳо ва риояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти кунунии ин кишварро баррасӣ кардаанд”,- хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, ки ба зарурати эҷоди механизм барои иқдоми муштарак бо ҳадафи ироаи кӯмакҳои башардустона ба мардуми Афғонистон, барқарор намудани иқтисодиёти миллии ин кишвар низ баррасӣ шуд.

Гурӯҳҳои террористӣ метавонанд аз хоки Афғонистон истифода кунанд

Дар ҳошияи нишасти Самарқанд, вазирони корҳои хориҷии чор кишвар, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, Син Гаанг, вазири  хориҷаи Чин, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон, ва Ҳино Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Покистон аз Толибон хостаанд, ки як ҳукумати фарогир  бо иштироки ҳамаи ақвом ва ниҳодҳои сиёсӣ эҷод кунанд ва тамоми иқдомҳои маҳдудкунанда алайҳи занон ва ақаллиятҳои қавмиро лағв кунанд.


Ба гузориши расонаҳо, дар нишасти ғайрирасмии чаҳоргона вазирони хориҷа нигаронии амиқи худро дар мавриди вазъияти амнияти мурбут бо терроризм дар Афғонистон таъкид карда, хотирнишон кардаанд, ки тамоми гурӯҳҳои террористӣ ба монанди “ДОИШ”*, “Ал-Қоида”*, “Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ”*, “Таҳрики Толибони Покистон”* ва ғайра, ки дар Афғонистон вуҷуд доранд, таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳастанд.

Дар баёнияе, ки пас аз анҷоми ин нишаст қабул шуд,  ҳамчунин аз Толибон* хоста шудааст, ки иқдомҳои қобили мушоҳидаро дар иҷрои ваъдаҳои худ дар заминаи мубориза бо терроризм ва аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ? ба манзури ҷилавгирӣ аз истифода аз хоки Афғонистон тавассути ҳар гурӯҳи террористӣ даст ба кор шаванд.


Мақомҳои ширкаткунанда дар ин нишаст, ҳамчунин хотирнишон кардаанд, ки Амрико ва муттаҳидонаш бояд мсъулияти вазъияти душвори кунунӣ дар Афғонистонро ба уҳда бигиранд ва фавран таҳримҳои якҷониба алайҳи Афғонистонро бардошта, дороиҳои он дар хориҷ аз кишварро ба нафъи мардум Афғонистон сарф кунанд.

Онҳо дар ин нишаст ҳамчунин таъкид кардаанд, ки марзи сулҳомез, босубот ва амн байни Афғонистон ва ҳамсояҳои он ба нафъи ҳамаи тарафҳост.

Нигаронии Эрон аз густариши терроризм ва ифротгароӣ

Дар ҳошияи ин нишаст, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷаи Эрон аз густариши терроризм ва ифротгароӣ дар Афғонистон нигаронӣ карда, гуфтааст, ҳамсояҳои Афғонистон, бахусус Эрон, аз ояндаи ин кишвар беш аз пеш нигаронанд.

Ӯ зимни суҳбат бо хабарнигорон бо интиқод аз сиёсатҳои Амрико дар Афғонистон таъкид кардааст, ки Афғонистон бештар аз дахолати Ғарбу Амрико ба ҳамкорӣ ва "роҳаллҳои минтақавӣ" ниёз дорад.

Ҳусейн Абдуллоҳиён Ғарбро ба бесуботӣ дар Афғонистон муттаҳам карда, афзудааст, "онҳо буданд, ки беш аз ду даҳсола ин кишвари муҳими минтақаро ба сӯи фақру бесуботӣ тела доданд."


Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба масъалаи маводи мухаддир дар Афғонистон гуфтааст, мушкили маводи мухаддир на танҳо дар 20 соли ҳузури Амрико ҳал нашудааст, балки кишт ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон "якчанд маротиба" афзудааст.

Ин мақоми баландпояи эронӣ дар идома ба Толибон* тавсия додааст, ки ваъдаи худро барои ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати тамоми қавмҳои Афғонистон иҷро кунанд.

Покистон: “Афғонистонро фаромӯш накунед”

Ҳино Раббонӣ Кхар, вазири умури хориҷаи Покистон, ки раҳбари ҳайати ин кишвар дар нишасти Самарқанд аст, гуфтааст, Афғонистон бо "бӯҳрони шадиди башарӣ" ва хатари "фурӯпошии иқтисодӣ" рӯбарӯ аст.

Ӯ таъкид кардааст, ки сиёсати Толибон барои коҳиши бӯҳрон ва бунбасти байналмилалии Афғонистон "фоида" надорад.

Раббонӣ афзудааст, ки тасмимҳои "таассуфовар”-и Толибон дар равобити Афғонистон бо кишварҳои ҷаҳон "бунбаст" эҷод карда, монеи кумаки онҳо дар ҳалли ин мушкилот шудааст.


Ӯ ҳамчунин аз коҳиши мизони кумакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон дар соли оянда изҳори нигаронӣ кард ва аз кишварҳои ҷаҳон хостааст, бархӯрди худ дар қиболи Афғонистон ва Толибонро "бознигарӣ" кунанд.

Ин мақоми покистонӣ тасмимҳои ахири Толибон дар бораи манъи кори занон дар дафтарҳои Созмони Милалро "таассуфовар" номида аз кишварҳои ғарбӣ хостааст, Афғонистонро ба далели иқдомҳои Толибон* "фаромӯш накунанд.

Ба гуфтаи ӯ, манъи кор ва таҳсили занон дар Афғонистон боиси бунбаст шудани равобити Толибон* бо кишварҳои дигар мешавад.

Ҳано Раббонӣ таъкид кард, ки “бунбаст дар равобити Толибон ва кишварҳои ҷаҳон бӯҳрони башардӯстона ва иқтисодӣ дар Афғонистонро шадидтар карда, дар моҳҳои наздик муҳоҷирати афғонҳоро ба кишварҳои ҳамсоя афзоиш хоҳад дод”.

Маълум нест, ки Амирхон Муттақӣ чӣ гуфт

Маълум нест, ки Амирхон Муттақӣ вазири хориҷаи ҳукумати муваққати Афғонистон ва намояндагони гурӯҳи Толибон, ки дар ин нишаст ширкат карданд, дар робита ба вазъи феълӣ ва нигаронии вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон чӣ гуфтанд.

gazeta.uz

Танҳо ВКХ Ӯзбекистон иттилоъ додааст, ки дар нишаст вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон низ суханронӣ кардааст.

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоҳои худ дар алоҳидагӣ

Ҳамин тариқ, маълум нест, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки қаблан гуфта мешуд, суханронӣ ва мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба ҳукумати феълии Толибон дар ин нишаст баён мекунад, мушаххасан чӣ суҳбате кардааст.

ВКХ Тоҷикистон танҳо аз вохӯрии алоҳидаи Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоҳои қазоқистонӣ, покистонӣ, чинӣ ва эронии худ дар ҳошияи ин нишаст хабар додааст.


Гуфта мешавад, ки дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд.

“Натиҷаи ин нишаст чандон таъсиргузор нест”

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик натиҷаҳои ин нишастро чандон таъсиргузор намедонад ва интизори тағйир ёфтани масъалае пас аз ин нишаст дар ин кишвар нест. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар он дидгоҳ ва манфиатҳои қудратҳову кишварҳо гуногун фарқкунанда аст.


Ӯ дар суҳбат бо “Афғонистон Интернешнл” дар робита ба ҳузури намояндаи Толибон* дар ин нишаст афзуд, ки Ӯзбекистон ба ин назар аст, ки тариқи мушоракат ва ҳамкорӣ бо Толибон имкон дорад аз манфиатҳои худ пуштибонӣ кунад.

Шералӣ Ризоён мегӯяд, сабаби амалӣ нашудани хостаҳои кишварҳои ҳамсоя ва мардуми Афғонистон дар робита ба ташкили ҳукумати фарогир аз ҷониби Толибонро* надоштани фишанги таъсиррасонӣ ба ин гурӯҳ маънидод кард.

Ин сиёсатшиноси тоҷик ба ин бовар аст, ки чунин нишастҳо танҳо барои дарки баъзе хостаҳову мавқеъҳо аст.

“Бо дарназардошти  ҷанг дар Украина ва оғози бӯҳрон дар Шарқи Аврупо нишастҳое, ки бо иштироки Руси, Чин ва Эрон баргузор мешавад, аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ, ба вижва Амрико ҳамчун як иқдоми зиддиамрикоӣ қабул мешавад”, - зикр кардааст ин сиёсатшиноси тоҷик.

Нишасти Самарқанд силсилаи нишастҳое аст, ки пас аз дигарбора ба сари қудрат омадани Толибон бар Афғонистон дар 15 августи соли 2021, оғоз шуд. Нишасти нахуст дар моҳи сентябри соли 2021 дар Покистон, нишасти дувум дар моҳи ноябри ҳамон сол дар Эрон ва нишасти севум ҳам дар моҳи марти соли 2022 дар Чин баргузор шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.