Намояндагони гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар дар шаҳри Ботканд мулоқот карда, масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ин дидор дар асоси нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо рӯзи 3-юми июл оғоз шуда, то рӯзи 9-уми июл давом кардааст.
ВКХ менависад, ки аз натиҷаи вохӯрӣ “протоколи дахлдор” ба имзо расидааст, вале дигар ҷузиёт надодааст.
“Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст”, - менависад ин ниҳод.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ва дигар расонаҳои ин кишвар низ дар бораи ин вохӯрӣ ҷузъиёти дигар пахш накардаанд.
Бояд гуфт, ки номуайянии хати сарҳади давлатӣ, истифода ва дастрасӣ ба об аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.
Барои ҳалли “масъалаи об” дар гузашта ҳам мақомоти ду кишвар мулоқотҳо доштанд ва ҳоло низ вохӯриҳо мегузаронанд, аммо самараи ин дидорҳо ба ҷуз “дар истифодаи якҷои об ба мувофиқа расидем” беш нест.

Аз ҷумла, дар мулоқоти охире, ки рӯзи 24-уми майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”-и Қирғизистон бо ширкати раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид, “бори дигар ҳали мушкилоту муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид”.
Дар мулоқоте, ки рӯзи 2-юми майи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара доир гардид, “ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуданд”.
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми ду соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду муноқишаи пурхушунат ва пурқурбонӣ рух дод.
Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри он таъйину нишонагузорӣ нашудааст.




Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?
Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон
Ба Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди нерӯи барқ қабул шуд. Вазъи таъмини барқ беҳтар мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2025
“Хокаи ангишт ба ҷойи ангишт”. Шикояти сокинони Суғд аз гароншавии нархи ангишт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2025
Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста