Субҳи имрӯз, 16-уми ноябр, Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бо сафари дурӯза ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон парвоз кард.
Рустам Эмомалиро дар фурудгоҳи байналмилалии Манас Ҷамила Кубаничбековна, муовини раиси Жогорку Кенеш (парлумон)-и Қирғизистон, Димитрий Кобитский, котиби генералии Шӯрои АБП ИДМ, Исаев Асеин Қусенович, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон имрӯз дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ баргузор мегардад, ки дар он сарони ҳайатҳои парлумонӣ ширкат меварзанд. Дар ин ҷаласа масъалаҳои ҷории рӯзномаи маҷлис, ҷамъбасти чорабиниҳои соли 2023 ва мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар ИДМ баррасӣ мегарданд.
Ҳамчунин, ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва хамкории байналхалқӣ ва сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон барпо мегардад.
Зимни ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ масъалаи калидӣ баррасии амнияти иттилоотӣ дар интернет хоҳад буд.
Рӯзи 17-уми ноябр дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад, ки дар он дар баробари вакилони порлумон намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, олимону коршиносон ширкат мекунанд.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста