Муовини раиси палатаи қонунгузори порлумони Ӯзбекистон ва раиси Ҳизби эҳёи миллӣ Алишер Қодиров хостааст, ҳукми қатл дар кишвараш бояд дубора ҷорӣ карда шавад.
Ба гуфтаи Қодиров, шахсе, ки ба ваҳшигарӣ даст мезанад, набояд зинда бимонад. "Вақте бо пули андози мо ҷинояткореро, ки ба ҳайвон табдил ёфтааст, нигаҳдорӣ ва сиҳатияшро ҳифз мекунанд, ғайримантиқӣ аст. Ҷомеаро бояд аз ингуна афрод пок кард", - изҳор доштааст ӯ.
Ин пешниҳод дар пасманзари хабарҳо дар бораи он ки як сокини Тошканд писари 3-солаи ҳамзисти худро ба қатл расондааст, садо медиҳад.
Расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар доданд, ки як марди 31-сола аз шаҳри Тошканд писари 3-солаи ҳамзисташро бо 12 зарби корд ба қатл расондааст. Кудак дар роҳ ба бемористон ҷон додааст. Бино ба хабарҳо, ҳам мард ва ҳам модари кудак муътод ба маводи мухаддир будаанд.
Додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дода, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз ва гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.



Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста