Мақомоти аршади Толибон* бори дигар аз ду кишвари ҳамсояашон – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостанд, чархболҳои низомии аз сӯйи сарбозони ҳукумати пешин берунбурдаро ба онҳо баргардонанд. Ин аллакай маротибаи чандум аст, ки намояндагони ин гурӯҳ, дар сатҳи гуногун, талаби бозгардонии чардболро пеш мегузоранд.

Чархболҳои мавриди баҳс соли 2021, вақте Толибон қудратро дар Афғонистон ғасб карданд, аз сӯйи сарбозони ҳукумати пешин ба кишварҳои ҳамсоя интиқол ёфтаанд.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон ахиран зимни як суханронӣ гуфт, “хоҳиш мекунем... ин чархболҳоро ба мардуми афғонистонӣ баргардонанд, то онҳо барои аҳдофи башардӯстона истифода шаванд”.

Ба навиштаи телевизиони Tolonews, Муттақӣ ин суханонро зимни мулоқот бо дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Кобул гуфтааст.

“Мо аз он кишварҳое, ки чаҳор сол пеш ба далели ҳаводиси сиёсӣ чанд чархболҳои моро гирифта, ба давлатҳои ҳамсоя супурданд, хоҳиш мекунем, ки ин чархболҳоро ба мардуми Афғонистон баргардонанд, то онҳо барои аҳдофи башардӯстона истифода шаванд”, - зикр кардааст Муттақӣ.

Ӯ ҳамчунин аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хостааст, ки таҳримҳои зидди Афғонистонро лағв кунад ва таъкид кардааст, ки ба далели маҳдудиятҳои феълии бонкӣ афғонистониҳои муқими кишварҳои хориҷӣ наметавонанд ба хонаводаҳои худ пул ирсол кунанд.

 

Амирхон Муттақӣ
Акс аз сомонаи islamnews.ru

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “The Kobul Times” ҳафтаи равон навишт, ки Ӯзбекистон гӯё розӣ шудааст, 57 чархболи низомиро ба Афғонистон баргардонад. Аммо Аҳрор Бурхонов, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон, ин хабарро рад кардааст.

“Чунин хабарҳо ба воқеият мувофиқ нестанд. Мавқеи Ӯзбекистон бетағйир боқӣ монда, хабари паҳншуда ғайривоҷеӣ аст”, - гуфтааст ӯ.

Пештар аз ин хабаргузории “Фергана” навишт, ки Ӯзбекистон 7 чархболи "Black Hawk"-ро ба ИМА додааст. Ин хабаргузорӣ ҳамчунин зикр кард, ки “тибқи маълумоти Пентагон (Вазорати мудофиаи ИМА), 46 ҳавопаймо ва чархболи рабудашуда дар Ӯзбекистон ва 18 адад - дар Тоҷикистон қарор доранд”.

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин иддаи Толибон боре ҳам расман изҳори назар накардаанд.

Моҳи январи соли 2022 хабар дода шуд, ки артиши собиқи Афғонистон 164 ҳавопаймои низомӣ дар ихтиёр дошт. Пас аз фирори мақомот ва қисме аз халабонҳо, дар кишвар 81 ҳавопаймо боқӣ монд, ки аз онҳо танҳо 41 адад дар ҳолати корӣ қарор дошт.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.