Бино ба маълумоти Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, то моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 415 касе зиндагӣ мекунанд, ки синнашон аз 100-сола боло мебошад. Коршиносон бар ин назаранд, ки зиёдшавии давомнокии умр, ба рушди иқтисодӣ, коҳиши маргумир байни кӯдакон ва муборизаи муваффақона бо беморҳои дилу раг марбут аст.
Дар кишварҳои ҳамсоя дарозумрон чӣ қадаранд?
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 давомнокии миёнаи умр дар Тоҷикистон 76,6 солро ташкил медиҳад. Калонсолтарин сокинони кишвар Марзиямоҳ Ибодоваи 120-сола аз Дарвоз ва Гулракат Назароваи 117-сола аз Данғара мебошанд.
Дар аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 306 одами синнашон аз 100-сола зиндагӣ мекард, ки 169 тани онҳо мард ва 137 кас зан мебошанд.
Агар бо кишварҳои ҳамсоя муқоиса кунем, мо дар зинаи сеюм қарор дорем.
Калонсолтарин сокини Қазоқистон зани 115-сола аз вилояти Улитау мебошад. Дар ин бора "Tengrinews.kz" бо истинод ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар хабар медиҳад.
Шумораи зиёди дарозумрон дар ин кишвар дар шаҳри Алмато ба қайд гирифта шудааст: - 58 нафар.

Дар мақоми дуюм вилояти Туркистон - 53 нафар ва дар зинаи сеюм - вилояти Алмато - 37 нафар.
Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар Ӯзбекистон 514 шаҳрванди синнашон 100-сола ва аз он боло иқомат мекунанд, ки 110 нафарашон мард ва 404 танашонн зан мебошанд.
Бештари онҳо дар вилояти Қашқадарё зиндагӣ мекунанд - 92 нафар. Маълумоти дигар дар бораи онҳо дарёфт нашуд.
Моҳи сентябри соли равон маълум шуд, ки дар маҳаллаи Қарақуми ноҳияи Бувайдин калонсолтарин одам дар Ӯзбекистон бо номи Ҳувайдо Умарова (Тошматова) зиндагӣ мекунад.
Тавре Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар дод, синни ин зан ба 130 сол расидааст. Синну соли Ҳувайдо Умарова дар ҷараёни иқдоми “Ягон кас бе ҳуҷҷат намемонад” тасдиқ шуд. Маълум шудааст, ки ин зан 1-уми январи соли 1895 таваллуд шудааст. То ин замон дигар далели таваллуди ӯ сабт нашудааст. Пас аз муроҷиати шуъбаи адлияи ноҳия ба додгоҳ, ин иштибоҳ ислоҳ карда шудааст.
Ҳамчунин ин зан метавонад ҳамчун калонсолтарин одам дар ҷаҳон дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт шавад.
Дар Қирғизистон ба гуфтаи муовини вазири тандурустӣ Бубужан Арикбоева, 300 нафари синнашон аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд.
Дар ҷаҳон чӣ гуна аст?
Мувофиқи маълумоти ахири СММ, дар саросари дунё ҳудуди 630 ҳазор нафар дарозумрони синнашон аз 100-сола боло ба сар мебаранд.
Аксарияти дарозумрон дар Ҷопон зиндагӣ мекунанд - ҳар кадом нафақахӯри 5-ум маҳз дар ҳамин кишвар иқомат дорад. Давомнокии умр миёни занон дар ин кишвар 88 сол ва мардон - 82 солро ташкил медиҳад. Дар идома ИМА, Чин ва Ҳиндустон қарор доранд.

Сирри дарозумрӣ дар чист?
Ба гуфтаи табибон, сирри дарозумурӣ хеле оддӣ аст. Ин пеш аз ҳама, кӯшишу талошҳои ҷисмонии бомарому муътадил, масалан пиёдагардӣ, ки хавфи гирифторӣ ба бисёр бемориҳоро коҳиш медиҳанд, хоби комил ва мунтазам гузаштан аз муоинаи тиббӣ. Ҳамчунин, сабаби дигар даст кашидан аз тамокукашӣ ва истеъмоли машрубот аст.
Омили генетикӣ ҳам нақш дорад: агар дар оила қаблан дарозумрон буданд, пас насли баъдинаи онҳо ба дарозумрӣ имкон доранд.




