Ҳарчанд дар рӯзи боронии 9 май дар шаҳри Душанбе муҳити идона чандон эҳсос намешуд, бархе аз коргузорони барномаҳои ҳунарии овозхонон талош карданд шоми сокинони пойтахатро бо доир намудани консерти идона рангинтар созанд.

Бо ибтикори яке аз ширкатҳои ватанӣ дар рӯзи Ғалаба, дар бинои Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки ситораҳои тоҷик Шабнами Сураё, Баҳроми Ғафурӣ ва ҳунармандони дигар Нигина Амонқулова,Меҳрнигори Рустам ва Матлюба Раҳимова консерти ҷашнӣ баргузор шуд.

Самад Саъдуллоев,масъули ин шоу- барнома мегӯяд,чун ин ҳунармандон миёни мардум аз маҳбубияти хоса бархӯрдоранд,бинобарин интихоби онҳо низ маҳз рӯи ҳамин сарояндаҳо афтод.

Бояд гуфт,ҳамаи чиптаҳо барои консерт дар як муддати кӯтоҳ фурӯхта шудаву толор лабрез аз тамошобинон буд.Ва баромади ҳар як ҳунарманд бо кафкӯбии бардавом аз сӯи мухлисон истиқбол мешуд.Ҳамаи овозхонон зимни баромад таронаҳои нави худро пешниҳод кардаанд.

Аз ҷумла Нигина Амонқулова овозхони тоҷик низ гуфт, оҳангҳое,ки ӯ иҷро кард,ҳанӯз ҷойи дигар садо надодаанд.

Баҳроми Ғафурӣ, яке аз дигар хонандаҳои шинохтаи тоҷик мегӯяд,ҳарчанд хеле мехост дар ин шом бахшида ба рӯзи Ғалаба оҳанге бисарояд,аммо мутаасиффона дар эҷодиёташ чунин тарона надорад.Вале ба ҳар сурат ӯ ваъда дод,ки соли оянда талош хоҳад кард дар ҳамин мавзӯъ суруд эҷод кунад.

Чуноне, ки мушоҳида шуд, дар ин шом бештар ҳаводорони Шабнами Сураё ҷамъ омада буданд ва аксари гулҳову гармтарин кафкӯбиҳо насиби ҳамин овозхон гардид.

Аз баргузории консерте,ки дар маҷмӯ ҳудуди 2 соат идома кард, ба ҷузъ аз чанд нафаре,ки аз кайфиати бади садо дар толор шикоят мекарданд,аксари

тамошобинон бо хотири болида аз толор берун шуданд.