Тӯли чанд ҳафтаи охир расонаҳо аз фаъол шудани гурӯҳи наве аз бадани “Толибон” бо номи “Таҳрики толибони Тоҷикистон” хабар медиҳанд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳадафашон назорати марзи Тоҷикистон аст. Таъсиси ин гурӯҳ, байни коршиносони тоҷик ва минтақа баҳси гармеро барпо кард. Бархеи коршиносон бо ишора ба ваъдаи Толибон барои ҳамла накардан ба кишварҳои ҳамсоя ва дар ин авохир партоби чанд мушак аз ҷониби онҳо ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсиси ин гурӯҳро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон хатарнок медонанд.

Рӯзи 23 июли соли равон, Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик бо чанд коршиноси дигар дар барномаи таҳлилии “Дидгоҳ”-и телевизиони “Afghanistan International” ширкат кард. Мавзӯи меҳварии баҳси коршиносон, “Нақши “Толибон” дар фаъол гардидани гурӯҳҳои террористии баромадашон аз Осиёи Марказӣ; Таҳрики толибони Тоҷикистон чӣ таҳдиду хатар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа ба Тоҷикистон дорад? Барои чӣ гуруҳҳои нави террористӣ дар хоки Афғонистон зуҳур менамоянд?” буд.

Бо ишора ба муҳим будани мавзуъ ва дарки воқеияти масъала, тасмим гирифтем, ки андешаҳои Шералӣ Ризоёнро, ки баъди барнома, дар телеграм-канали “Rizoyon” навишт, пешкашӣ хонандагон кунем:

Якум, дар бораи хатари эҳтимолӣ ва воқеии гуруҳҳои террористӣ ва ҷангандаҳои хориҷии осиёимарказиасл дар Афғонистон ба кишварҳои минтақаи мо давлатмардон ва коршиносони Тоҷикистон аз солҳои пеш ҳушдор медоданд.

Аз ҷумла, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти чоруми машваратии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-отаи Қирғизистон рӯзи 21 июли соли равон зикр кард, ки равандҳои ҷории Афғонистон ба кишварҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонанд ва бад шудани вазъи ин кишварро пешбинӣ намуданд. Мутассифона, бо пайдо шудани гуруҳе бо номи “Таҳрики толибони Тоҷикистон” (агар воқеан чунин бошаду кафки иттилоотӣ набошад), пешбинӣ ва нигарониҳои мо дуруст баромаданд.

Кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон дар Осиёи Марказӣ дар равобити худ бо Толибон аз ду зовия нигоҳ мекунанд: густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва таъмини амният. Туркманистон ва Ӯзбекистон барои таъмин намудани манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин истифодаи қаламрави Афғонистон барои ба вуҷуд овардани долонҳои транзитӣ - бунёди зерсохтори иртиботӣ ба самти Покистон ва Эрон равобитро бо Толибон ба роҳ монданд. Тоҷикистон бинобар таҷрибаи зиндаи бархӯрд бо гуруҳҳои террористӣ – ҳамеша таъкидро ба таҳдиду хатарҳо нисбат ба амнияту субот мекард.

Коршиносон аз Осиёи Марказӣ дар ҳамоишҳои гуногун ва матлабу мусоҳибаҳои таҳлилии худ таъкид бар он менамоянд, ки бо роҳандозии ҳамкорӣ бо Толибон имкони тағйир додани онҳо ба даст меояд. Ба назарам ин пешбинии хушбинона амалӣ намешаваду таҳдиду хатарҳои гуруҳҳои ифротӣ, ки зери дастгирӣ ва чатри Толибон фаъолият доранд, дар оянда низ ба ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бештар мегардад.

Шералӣ Ризоён аз чап ба рост шахси аввал
Намогирифт аз барномаи "Дидгоҳ"-и “Afghanistan International”

Дуюм, тавре Ҳусайн Эҳсонӣ, ходими калони илмии Институти тадқиқоти стратегии Афғонистон дар суханронии худ зикр намуд, пайдо шудани гуруҳе бо номи “Таҳрики толибони Тоҷикистон” бандҳои дахлдори Созишномаи Даҳваро вайрон мекунад. Чун Толибон масъулиятро ба душ гирифта буданд, ки аз қаламрави таҳти назорати онҳо ба ҳеҷ кишваре таҳдид сурат намегирад ва ба фаъолияти гуруҳҳои террористӣ мусоидат намекунанд.

Албатта, дар Тоҷикистон кам нафароне ба ин гуна шудани сиёсатҳои Толибон бовар доштанд. Пайдо шудани “Таҳрики толибони Тоҷикистон” (агар воқеан рост бошад) дурустии нигарониҳои амниятии ҷониби Тоҷикистонро собит намуда, симои аслии Толибонро ба намоиш мегузорад.

Сеюм, худи пайдо шудани “Таҳрики толибони Тоҷикистон” бештар ба як пружаи сиёсатофарӣ монанд аст, чун ҳадафаш ба назари ман бештар хусусияти иттилоотӣ дорад. Ягона таҳдиде, ки ин ва дигар созмонҳои террористӣ дошта метавонанд - бештар дар фазои иттилоотӣ, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ падидор мешавад. Аз пайдоиши ин ва дигар созмонҳои террористӣ ҳатман гуруҳҳо ва кишварҳои манфиатдор барои бароварда намудани хостаҳои худ (хоҳ гуруҳӣ ва хоҳ геополитикӣ бошад), суистифода менамоянд.

Чорум, пайдо намудани заминаи иҷтимоӣ аз ҷониби гуруҳҳои террористии хориҷӣ, ба хусус осиёимарказиасли дар Афғонистон қарордошта - дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ниҳоят паст аст, чун аҳолии минтақа аз феномени ДОИШ ранҷҳои муайянро диданд. Аз ҷониби дигар дар ҳамаи давлатҳои минтақа санадҳои барномавӣ ҷиҳати пешгирии радикализм ва экстремизм қабул шуданд ва дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Таҳдиди асосии ин гуруҳҳо ба эҳтимоли зиёд дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар хоҳад расид, чун барои афкорсозӣ ва ҷалби шаҳрвандони кишварҳо ба сафи худ – фаъолиятро ҷоннок намуда метавонанд.

Панҷум, Воқиф Ҳакимӣ, вакили собиқ дар Парлумони Афғонистон аз вилояти Бадахшон ва муовини раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон дар суханронии худ зикр карданд, ки эҳтимол Толибон пружаи “Таҳрики толибони Тоҷикистон”-ро бо ҳадафи таъсир ва ба чолиш кашидани мавқеи кишвари мо нисбат ба худ роҳандозӣ намудаанд.

Азбаски Толибон як ҳаракати мустақил нестанд ва аз ҷониби кишварҳои дигар мудирият мешаванд, ин иқдом чанд паҳлӯ дошта метавонад. Ва ҳадаф на танҳо Тоҷикистон, балки давлатҳои дигар ҳам метавонад бошад. Аз ин рӯ, роҳандозии сиёсати амалии прагматикӣ бо назар гирифтани хатару таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ ба суботу амният - нисбат ба Толибон барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.