Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд, ки ба хотири гиромидошти ному  пайкори академик Раҳим Масов дар зодгоҳ ё макони таҳсилоташ лавҳаи ёдгорӣ насб гардида, кӯча ва мактаби таҳсилкардааш ба исмаш гузошта шавад.

Онҳо ҳамчунин, аз роҳбарияти Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон даъват мекунанд, ки Осорхонаи бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ дар шаҳри Душанбе ба номи Раҳим Масов гузошта шавад. Ин пешниҳодот ҳанӯз амалӣ нашудааст. Танҳо чанд сол пеш бо ибтикори Маҷлиси вакилони ноҳияи Ишкошими ВМКБ як қуллаи кӯҳ ба номи Масов гузошта шудааст.

Бо ишора ба он ки имрӯз, зодрӯзи  Раҳим Масов ва Юсуфшо Яъқубов ду олим ва таърихшиноси тоҷик аст, тасмим гирифтем, суҳбати чанд сол пеши Юсуфшо Яқубовро бо "Asia-Plus" дар бораи шахсияти Раҳим Масов дубора нашр кунем.

Ин ду олимро мардуми тоҷик ҳамчун донандагони хуби таърих мешиносанд, аммо баҳсҳои солҳои тӯлонӣ идомакардаи Масов ва Яъқубов онҳоро ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор медод.

Вақте имрӯз Юсуфшо Яъқубовро ба муносибати рӯзи мавлудаш табрик намудем ва ёдрас кардем, ки имрӯз ҳамчунин Раҳим Масов ҳам зодрӯз дорад, бо лабханд иброз дошт, ки дар хотир дорад ва гуфт, ки “зодрӯзи Раҳим Масов худ баҳснок аст”.

- Баҳсҳои ман бо Раҳим Масов таърихи тӯлонӣ доранд. Ба масъалаҳое, ки ман таҳқиқ намуда, асоси таърихӣ доштани онро собит мекардам, мухолифат нишон медод. Махсусан, дар масъалаи таърихи қадима доштани мавзеъ ё шаҳри Карон Раҳим Масов бо ман ҳамеша мухолифат мекард. Шояд ҳамин баҳсҳо буданд, ки ҳарчӣ бештар ба таҳқиқ машғул шудам ва сарчашмаҳои зиёди таърихиро варақгардон кардам, то исбот намоям, ки ҳақ ҳастам,-гуфт Юсуфшо Яъқубов.

Ба андешаи Юсуфшо Яъқубов баҳси илмӣ хуб аст, зеро ҳақиқат зодаи баҳс аст. Аммо баҳс бояд созанда, илмӣ ва орӣ аз ҳар гуна ғаразу кин бошад. Ӯ мегӯяд, ки бо Раҳим Масов баҳсҳои тезу тунд дошт, аммо он ҳама барои илм буд.

- Агар баҳсҳои илмиро канор гузорем, муносибати ман ва Раҳим Масов бад набуд, байни мо ғарази шахсӣ вуҷуд надошт. Шахсан ман ҳеҷ ғаразе нисбат ба Раҳим Масов надоштам. Ӯро ҳамчун олими варзида, таърихшиносӣ забардаст эҳтиром мекардам ва ҳоло низ Раҳим Масовро ба некӣ ёд мекунам. Барои илми тоҷик ӯ корҳои зиёд кардааст. Заҳмату талоши Раҳим Масов дар навиштани таърихи халқи тоҷик беҳад пурарзиш аст. Раҳим Масов аз лиҳози хислат шахси мураккаб буд, аммо дар роҳи якпорчагии миллат заҳматҳое ба харҷ додааст, ки нотакрор аст. Ман рӯзи дафни ӯ гуфтам, ки халқи тоҷик олими варзидаро аз даст дод ва имрӯз мегӯям, ки ҷойи академик Раҳим Масов холӣ аст.

Дар як рӯз таваллуд шудани ин ду донишманди илми таърих шояд тасодуф бошад, аммо маҳз баҳсҳои онҳо сабаб шудааст, ки масъалаҳои гуногуни таърихӣ жарфтар таҳқиқ карда шаванд. Таърихи қадима доштани шаҳри Карон, мавзеи таърихӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ ва 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб ҳамеша мавриди баҳси Раҳим Масов ва Юсуфшо Яъқубов қарор доштанд ва ба андешаи таърихшиносон баҳсҳои онҳо сабаб шуд, ки дар ин замина таҳқиқотҳои зиёди илмӣ - бостоншиносӣ анҷом дода шавад.

Ҷумъахон Сайдалиев, таърихшиноси тоҷик ин нуктаро тасдиқ карда, мегӯяд, ки илм бе баҳс буда наметавонад. Ҳар як олим дар асоси таҳқиқоти худ хулоса мебарорад. Ба андешаи ӯ, хулосаи як олим метавонад барои олими дигар қобили қабул набошад. Аммо дар умум, баҳс ҳатман зарур аст.

- Баҳсе, ки Яъқубов ва Масов доштанд, аслан баҳси илмӣ буд. Баъзеҳо доманаи ин баҳсро хеле васеъ карданд, аммо дар ниҳоят маҳз ҳамин баҳсҳои олимон буд, ки дар Карон корҳои зиёди таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ роҳандозӣ карда шавад. Тавре мушоҳида мешавад, илм аз ин баҳсҳо бурд кард.

Ҳамакнун, панҷ моҳ мешавад, ки дигар баҳсҳои тезу тунди ин ду олими варзидаи тоҷик мушоҳида намешавад, чун Раҳим Масов дигар дар қайди ҳаёт нест. Ӯ моҳи июни соли 2018, дар синни 79-солагӣ ин дунёро тарк кард. Тавре Юсуфшо Яъқубов мегӯяд, имрӯз ҷойи академик Раҳим Масов холӣ аст.

Юсуфшо Яъқубов имрӯз 84-солагии худро таҷлил менамояд ва дар роҳи илми тоҷик софдилона заҳмат мекашад, ки бори дигар ӯро бо рӯзи мавлуд табрик менамоем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.