Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -
Дзюдочиёни тоҷик Расул Боқиев ва Неъматулло Асронқулов ба мусобиқоти Олимпиадаи Пекин-2008 омодагӣ мегиранд.
Мудири шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Мавлон Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Р.Боқиев ва Н.Асронқулов дар маҷмаии солимии «Хоҷаобигарм» ба тамрин машғуланд. «Марҳилаи мазкур яке аз давраҳои ҳалкунандаи омодагӣ ба мусобиқот мебошад», - идома дод ӯ.
Ёдрас мекунем, ки айни ҳол дар маҷмӯъ 13 нафар варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Достиев 48 кг (бокс), Анвар Юнусов 51кг (бокс), Ҷаҳон Қурбонов 81 кг (бокс), Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Галина Митяева (гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо), Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод), Алишер Чингизов (шиноварӣ), Екатерина Измайлова (шиноварӣ), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Виталий Корякин (гӯштини тарзи озод), Шералӣ Бозоров 81кг (дзюдо) ва Неъматулло Асронқулов 90 кг (дзюдо) соҳиби роҳхати Олимпиадаи Пекин-2008 гардидаанд. Олимпиадаи
XXIX
-уми тобистона дар Чин аз 8 то 24-уми августи соли ҷорӣ баргузор мешаванд.



Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста