Шаш нафар варзишгари тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-при, ки рӯзҳои 5-6-уми октябр дар шаҳри Тошканд доир мегардад, ширкат меварзанд.
Бино ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии президенти Федератсия Нурулло Лоиқов аллакай ба Тошканд раҳсипор шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистонро дзюдочиён Табризшо Парпишоев, Саидмухтор Расулов (ҳарду дар вазни то 73 кило), Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов (ҳарду дар вазни то 81 кило), Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кило) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дар вазни зиёда аз 100 кило) намояндагӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, маблағи мукофотпулии мусобиқот 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, дар сурати ҳунарнаиоии хуб варзишгарон ба имтиёзҳои рейтингӣ соҳиб мешаванд. Ин имтиёзҳо дар интихоби варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба инобат гирифта мешаванд. Дар мусобиқот 190 нафар варзишгар аз 24 кишвари дунё ширкат меварзад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои комёбӣ дар ин мусобиқот варзишгарони тоҷик имкони хуб доранд, зеро аз мусобиқоти зиёди имсола таҷриба кофӣ андӯхтанд. Як ҳафта қабл дар мусобиқоти Гран-при дар Алмаато Комроншоҳи Устопириён мақоми фахрии 4-умро ишғол намуда, дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе Фарҳод Раҳимов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ба ҷоизаҳо сазовор гардиданд.




Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста