Сармураббии чемпиони амалкунандаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмедов пас аз шикаст дар бозӣ бо дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 2 бар 3 изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад.
«Аввалан «Хуҷанд»-ро бо пирӯзи табрик мегӯям. Имрӯз мо бидуни ду футболбози асосиии даста бозӣ кардем, ки дар ҳайати дастаи мнутахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Каспий-2014 дар Боку ҳунарнамоӣ мекунанд. Имрӯз «Равшан» на камтар аз «Хуҷанд» лаҳзахои зиёди голзанӣ дошт, вале футболбозони ҷавон аз он истифода карда натавонистанд», - иброз доштааст ӯ ба сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ғ.Мираҳмедов зикр кардааст, ки «сарфи назар аз мушкилот, то лаҳзаи охир ҳамроҳи даста буда, расман изҳор мекунад, ки ба истеъфо меравад». «Ин қарори шахсии ман аст. Бо дастаи «Равшан» мо мавсимҳои хуберо гузаронида, ду маротиба пайи ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудем. Ба ҳамаи футболбозони таҳти раҳбарии ман бозикардаи даста миннатдорӣ изҳор намуда, дар бозиҳои минбаъдаи ҷемпионат бо роҳбарии сармураббии нав ба онҳо комёбиҳо хоҳонам», - изҳор кардааст самураббӣ.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста