Залимхон Юсуфов, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод ба хотираи Алӣ Алиев, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон, дар Доғистон медали биринҷӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқа дар шаҳри Каспийски Доғистони Русия бо ширкати ҳудуди 200 гуштигир аз 15 кишвар баргузор шуд. Залимхон Юсуфов дар рақобатҳо дар вазни то 66 килограмм мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Элдар Наҷмиддинов (Русия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Магомедгаджӣ Абакаров (Доғистон) ғолиб омад, ҷойи аввалро гирифт.»

Гуфта мешавад, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз ҷому медалу ифтихорнома, барои ҷойи аввал бо 5 ҳазор доллар, барои ҷойи дувум бо 3 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум бо як ҳазор доллар мукофотонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Залимхон Юсуфов, ки дар Доғистон ба сар мебарад, аз соли 2012 Тоҷикистонро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Вай имсол дар Ҷоми Рамзан Қодиров, сарвари Чеченистон, дар Грозний медали нуқра ба даст оварда буд.