Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ИТФ дар мусобиқаи Чемпионати навбатии ҷаҳон, ки аз 24 то 30 август дар шаҳри Пловдиви Булғористон баргузор шуд, дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи сеюмро ишғол кард.
Дар ин мусобиқа Сабина Тюряева ба гирифтани медали тилло шарафёб гардида, Баҳром Гадоев ду медали нуқра, Муҳаммад Наимов, Масрур Сатторов, Алишер Аҳмедов ва Далер Тюряев медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи умумидаставӣ зинаи аввалро намояндагони Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва мақоми дуюмро дастаи Русия ишғол намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Чемпионати навбатии ҷаҳон дар Пловдив намояндагони 89 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.
Дар фурудгоҳи Душанбе иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳонро ботантана истиқбол намуданд. Волидону варзишгарон, хешону наздикон ва дӯстон ба онҳо гулдастаҳо тақдим карданд.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста