Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 4 феврал ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 196 имтиёз зинаи 148-умро ишғол мекунад.
Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 26-ум қарор дорад. Мақоми ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳ чунин аст: Австралия - зинаи 68-ум (510 имтиёз), Урдун - 82-юм (418 имтиёз), Қирғизистон - 105-ум (324 имтиёз) ва Бангладеш - 177-ум (100 имтиёз).
Бозиҳои хотимавии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» санаи 24 март дар меҳмонӣ бо тими Австралия ва ва 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи Қирғизистон баргузор мешаванд.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2003 бо касби зинаи 180-ум ба қайд гирифта шудааст.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста