Аз 23 феврал мусобиқаи дастаҳои футболи қораи Осиё барои дарёфти Ҷоми қаҳрамонҳо ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 дар гурӯҳҳо оғоз мегардад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот аст, дар гурӯҳи «В» бо тимҳои «Ал-Файсалӣ»-и Урдун, «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ ва «Триполӣ клаб»-и Лубнон рақобат мекунад.

Пагоҳ, 23 феврал дар даври аввали мусобиқоти гурӯҳӣ тими «Истиқлол» дар майдони худ дастаи «Ал-Файсалӣ»-и Урдунро ба ҳузур мепазирад. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16-00 оғоз гардида, нархи билет барои минбари марказӣ (ғарбӣ)-и варзишгоҳ - 25 сомонӣ ва ба минбарҳои дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин пас аз анҷоми вохӯрӣ барои мухлисон бозии лотреря гузаронида шуда, ғолибонро се адад телефони мобилии iPhone 6 интизор аст.

Қобили зикр аст, ки бошгоҳи футболи «Ал-Файсалӣ» рӯзи якшанбе, 21 феврал ба Душанбе омада , шоми дирӯз аввалин тамрини худро дар варзишгоҳи шаҳри Душанбе баргузор кард.