Дар мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаи президенти Беларус Александр Лукашенко варзишгари тоҷик Акмалиддин Каримов ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид.

Ин мусобиқа давоми рӯзҳои 20-21 феврал бо иштироки беш аз 200 нафар варзишгарон аз зиёда аз 15 кишвари ҷаҳон дар Кохи варзиши шаҳри Минск доир гардид. Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило ба дарёфти медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Қувваозмоиҳо дар Минск нахустин мусобиқоте мебошанд, ки дар он варзишгарон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон имтиёзҳои рейтингӣ ба даст меоранд. Дар мусобиқаи Минск варзишгарони шинохтае ҳузур доштанд, ки ба Ҷоми ҷаҳон дар Маскав (25-26 март) ва Чемпионати ҷаҳон дар Булғористон (тирамоҳ) омодагӣ мегиранд.

Қобили зикр аст, ки Акмалиддин Каримов соли 2015 дар 5 мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат варзида, дар онҳо 4 ҷоизаи тилло ва 1 медали нуқра ба даст овард.