Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ мушарраф шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, духтарони футболбози тоҷик бозии даври севумро бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд. Ин бозии гурӯҳи "А”, ки дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, баргузор шуд, бегоҳи панҷшанбеи 28 апрел ба поён расид. Дар бозии дигари гурӯҳи "А” мунтахаби Эрон бар дастаи Бутан бо ҳисоби бузурги 7:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» мунтахаби Эрон бо нӯҳ имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Тоҷикистон бо чор имтиёз дувум шуд. Бутан бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Қирғизистон бо як имтиёз дар ҷойи охирин – чорум - қарор гирифтанд.

Мунтахаби Бангладеш, ки дастаи Непалро бо ҳисоби хеле бузурги 9:0 шикаст дод, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро азони худ кард. Ҳиндустон бо се имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шуд. Непал бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Ҳамин тариқ, бозиҳои ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи шанбеи 30 апрел баргузор мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе, тимҳои Эрон ва Ҳиндустон дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, рақобат мекунанд.