Гуштигири тоҷик Ҳамроз Раҷабов ба дарёфти медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзҳои 27-29 май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод баргузор шуд, ноил гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милллии олимпии Тоҷикистон, Ҳамроз Раҷабов, ки дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ миёни мардон бар гуштигири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст, ки ин аввалин ғалабаааш дар мусобиқоти бузурги самбо миёни бузургсолон аст.

Гуфта мешавад, гуштигири пуртаҷрибаи тоҷик Дилбар Султоновадар сабқати занон дар вазни то 72 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Мирзошариф Исматов дар сабқати навҷавонон дар вазни то 74 кило ба дастаи Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Нозила Каримова дар сабқати духтарон дар вазни то 56 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.Ду медали дигари биринҷиро ба дастаи Тоҷикистон дар сабқати наврасон дар вазни то 75 кило Садам Каримов ва Ишон Амонов оварданд.

Қобили зикр аст, ки мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев, ноиби президенти Иттиҳоди самбои Осиё ва раиси комиссиюни доварони қора, сардовари ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ аст.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё ҳудуди 400 нафар варзишгарон аз 17 кишвар ширкат варзиданд.