Дар мусобиқаи Ҷоми Авруосиёи президенти Қазоқистон оид ба шоҳмоти блитс бо иштироки 150 шоҳмотбоз аз 30 кишвари ҷаҳон, ки дар Алмаато ба итмом расид, бори нахуст шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов бо касби 16 имтиёз ба дарёфти ҷоизаи асосии ин мусобиқа - Ҷом ва 30 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ шарафёб гардид.

Бино ба иттилои Sports.kz , ҳаҷми умумии мукофотпулии мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, зинаи дуюмро бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор доллари ИМА қаҳрамони Аврупо Ян Непомняшии 25-сола (Русия) ва мақоми сеюмро бо мукофотпулии 14 ҳазор доллари ИМА иштирокчии 5 олимпиада Баадур Ҷобави (Гурҷистон) ишғол намудаанд.

Қобили зикр аст, ки Фаррух Амонатов дорандаи медали нуқраи Ҷоми Осиёи Марказӣ ва иштирокчии мусобиқаҳои ду Ҷоми ҷаҳон мебошад.