Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои мавқуфгузоштаи даври ҳаштуми мусобиқаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозӣ бо КМВА «Помир» бо ҳисоб 2 бар 1 дастболо шуда, ҳамин тариқ бо касби 23 имтиёз ғолиби қисми якуми мусобиқа дониста мешавад.

Гуфта мешавад, бозиҳои дигар бо натиҷаҳои зайл анҷом ёфтаанд:  «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Барқчӣ» (Душанбе) - 1:1; «Хайр» (ш.Ваҳдат) - «Ҳосилот» (н.Фархор) - 1:1; «Парвоз» (н.Бобоҷон Ғафуров) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - 0:0 ва «Регар- ТадАЗ (ш.Турсунзода) - «Равшан» (Кӯлоб) - 5:0.

Пас аз анҷоми қисми якуми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат ҷадвали мусобиқа тариқи зайл аст:

 

 

 

Б

Ғ

М

Б

Т

Х

1

«Истиқлол»

9

7

2

0

29-10

23

2

«Ҳосилот»

9

4

4

1

13-9

16

3

«Вахш»

9

4

2

3

15-15

14

4

«Барқчӣ»

9

4

2

3

13-13

14

5

«Регар-ТадАЗ»

9

4

1

4

17-11

13

6

КМВА «Помир»

9

4

1

4

12-9

13

7

«Хуҷанд»

9

4

1

4

9-15

13

8

«Хайр»

9

3

4

2

14-7

13

9

«Парвоз»

9

1

2

6

7-17

5

10

«Равшан»

9

0

1

8

8-31

1

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 6 тӯб, Ахтам Ҳамроқулов («Вахш») – 5 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Андох Наполеон (КМВА «Помир») –  4-тӯбӣ.