Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мутмаин аст, ки бозии қарибулвуқӯъ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав хеле шавқовар сурат гирифта, дар он дӯстӣ ғалаба мекунад, «зеро дар чунин вохӯриҳо бояд чунин бошад».

Ёдрас мекунем, ки ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Тоҷикистон  рӯзи 26 июн  миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Локомотив»-и Маскав бозӣ дӯстона баргузор мегардад.

«Сарфи назар аз нокомии мунтахаби Русия дар мусобиқаи Чемпионати Аврупо-2016 таваҷҷуҳи мо ба футбол кам намешавад. Мо талош дорем, ки ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар самти варзиш низ вусъат бахшем. Иқдоми ташкили вохӯрӣ миёни дастахои Истиқлол ва Локомотив ташаббуси Федератсияи футболи Тоҷикистон аст, лекин дар амалисозии ин иқдом сафорати Русия дар Тоҷикистон низ саҳм гирифт», - қайд кард Игор Лякин-Фролов.

Ба андешаи сафири рус, вохӯрии қарибулвуқӯъ дар муносибатҳо миёни Русия ва Тоҷикистон рӯйдоди муҳим буда, ба таҳкими ҳусни тафоҳум миёни мардуми ҳарду кишвар мусоидат мекунад.

Сафир аз эҳтимол дур намедонад, ки дигар дастаҳои футболи Русия низ ба Локомотив пайравӣ мекунанд. «Дар Тоҷикистон бояд майдонҳои хуби футбол ва шароитҳои мувофиқ фароҳам оварда шаванд, то ки дастаҳои Русия барои дар ин ҷо баргузор намудани давраҳои тамрину омӯзишии худ ҳавасаманд гарданд», - изҳор дошт ӯ.