Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаҳои Сурия, Фаластин ва Турманистон ба феҳристи расмии бозиҳои Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) дохил шуданд.

Дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хотиррасон мешавад, ки бозии наздиктарини худро тими Тоҷикистон рӯзи 27 август бо дастаи Сурия дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар Хуҷанд баргузор мекунад, ки ин варзишгоҳ 25 ҳазор ҷойи нишаст дорад.

Сипас рӯзи 6 сентябр дастаи Ҳаким Фузайлов дар меҳмонӣ бо тими мунтахаби Фаластин бозӣ мекунад, ки ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Дура» дар Хеврон доир мегардад. Рӯзи 3 октябр бозии ҷавобии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мешавад.

Боз як бозии дигари расмии дӯстонаро мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 9 ноябр дар Душанбе бо тими мунтахаби Туркманистон баргузор мекунад.