Мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16), ки ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми «Роҳи Абрешим - Хуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) дар Чин ба касби зинаи дуюм шарафёб гардид, дар мусобиқаи навбатии Ҷоми президенти Қазоқистон иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқа аз 7 то 13 август дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон доир гардида, дар он мунтахаби футболи наврасони кишварҳои Эрон, Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Албания, Тоҷикистон ва 2 даста аз Қазоқистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон муддати 9 сол аст, ки пайдарпай баргузор мешавад. Қаблан мусобиқа дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато гузаронида мешуд.

Маблағи мукофотпулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқа бо Ҷом ва 10 ҳазор доллар, дастаи зинаи дуюм - бо 6 ҳазор доллар ва дастаи мақоми сеюм - бо 4 ҳазор доллари ИМА қадрдонӣ мешаванд.