Мусобиқаи байнулмилали футбол барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои мустақил, ки ҳамасаола моҳи январ доир мегардид, дигар баргузор намешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон бо истинод ба вазири варзиш ва президенти Иттифоқи футболи Русия Виталий Мутко иттилоъ медиҳад.

«Мусобиқаи футболи Ҷоми Иттиҳод дигар баргузор намегардад, зеро муҳимияти худро аз даст дод. Дар ҳамин ҳол, мо ба баргузори Ҷоми Гранаткин идома медиҳем», - изҳор доштааст Мутко.

Ёдрас мекунем, ки дар Ҷоми Иттиҳод нахуст чемпионҳои мусобиқаҳои футболи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва сипас мунтахабҳои футболи ҷавонони ин кишварҳо ва дигар давлатҳо ширкат меварзиданд. Аз соли 2012 дар мусобиқаҳои Ҷоми Иттиҳод мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон низ иштирок мекард.