Ҳарифони мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи навбатии Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 8 то 13 август дар Чимкент доир мегардад, маълум шуданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, аз рӯйи натиҷаҳои қуръакашӣ тими Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил гардида, бо ҳамсолони худ аз Русия (8 август), Озарбойҷон (9 август) ва Эрон (11 август) қувваозмоӣ мекунад.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва тими «Крузейро» (аз Қазоқистон) бо ҳам рақобат мекунанд.

Ғолибони гурӯҳҳо дар бозии финалӣ, дастаҳои зинаи дуюмро ишғолкарда барои дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа, тимҳои зинаи сеюм барои ишғоли ҷойи панҷум ва дастаҳои ноком дар даври гурӯҳӣ барои дарёфти ҷойи ҳафтум бозӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба футбол миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон муддати 9 сол аст, ки пайдарпай баргузор мешавад. Қаблан мусобиқа дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато гузаронида мешуд.

Маблағи мукофотпулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқа бо Ҷом ва 10 ҳазор доллар, дастаи зинаи дуюм - бо 6 ҳазор доллар ва дастаи мақоми сеюм - бо 4 ҳазор доллари ИМА қадрдонӣ мешаванд.