Дар як маросими ботантана, ки шаби душанбеи 1 август барпо гардид, дар Деҳаи олимпии Рио-2016 Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар ин чорабинӣ ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки дар ҳамин ҳол дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебаранд, иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар маросими ботантанаи барафрохтани парчамҳои миллии чаҳор кишвар - Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон - нахуст раиси Деҳаи олимпии Рио-де-Жанейро Ҷанет дус Сантус Аркаин, қаҳрамони ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Бразилия оид ба баскетбол, суханронӣ кард. Ӯ ҳайатҳои ҳар чор кишварро, ки барои ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ ба Бразилия омадаанд, хайра мақдам гуфт ва барояшон муваффақият орзу намуд.

Баъдан хонум Аркаин ба раҳбарони ҳайатҳои Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар навбати худ аз номи ҳайатҳо ба раиси Деҳаи олимпӣ тӯҳфаҳо эҳдо шуд.

Тӯҳфаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Ҷанет Аркаин котиби генералии КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев супурд.

Таҳти садои сурудҳои миллии Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон бо навбат парчамҳои миллии ин кишварҳо барафрохта шуданд.

Ҳунарпешагони бразилӣ дар оғозу анҷоми чорабинӣ бо суруду рақсҳои ҷолиби худ ба маросим шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.

Бояд гуфт, ки барафрохтани парчамҳои миллӣ дар Деҳаи олимпӣ яке аз чорабиниҳои куҳантарин ва муҳимтарини рамзӣ дар Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мешавад.