Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 11 август дар сомонаи расмии он ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи гузашта 1 зина боло рафта, акнун бо 222 имтиёз зинаи 144-умро ишғол мекунад.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Бозии наздиктарини худро тими Тоҷикистон рӯзи 27 август бо дастаи Сурия дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар Хуҷанд баргузор мекунад, ки ин варзишгоҳ 25 ҳазор ҷойи нишаст дорад.

Сипас рӯзи 6 сентябр дастаи Ҳаким Фузайлов дар меҳмонӣ бо тими мунтахаби Фаластин бозӣ мекунад, ки ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Дура» дар Хеврон доир мегардад. Рӯзи 3 октябр бозии ҷавобии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мешавад.

Боз як бозии дигари расмии дӯстонаро мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 9 ноябр дар Душанбе бо тими мунтахаби Туркманистон баргузор мекунад.