Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии пешсафи ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо КМВА «Помир» мусовӣ - 0 бар 0 анҷом ёфта, душанбегиҳо маротибаи сеюм аст, ки вохӯриро мусовӣ анҷом дода, имтиёзҳоро аз даст медиҳанд.

Гуфта мешавад, бозиҳои дигари ин давр тариқи зайл анҷом пазируфтанд: «Барқчӣ» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:2;  «Ҳосилот» (н. Фархор) - «Хайр» (Ваҳдат) - 6:0, «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров) - 2:1 ва «Равшан» (Кӯлоб) - «Регар-ТадАЗ» - 1:1.

Пас аз18 давр ҷадвали мусобиқа тариқи зайл аст:

 

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

Х

1

Истиқлол

11

8

3

0

31-11

27

2

Ҳосилот

11

5

4

2

20-11

19

3

Регар-ТадАЗ

11

5

2

4

23-14

17

4

КМВА Помир

11

5

2

4

14-9

17

5

Барқчӣ

10

5

2

3

16-15

17

6

Вахш

11

5

2

4

18-21

17

7

Хуҷанд

11

5

1

5

12-18

16

8

Хайр

10

3

4

3

14-13

13

9

Парвоз

11

1

2

8

8-21

5

10

Равшан

11

0

2

9

9-33

2

 

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 11 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб, Комил Саидов («Барқчӣ»/»Ҳосилот» - 7 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш») ва Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 6 тӯбӣ.