Дар мусобиқаи XXIX байнулмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-18) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия мунтахаби Тоҷикистон дар бозии нахусти марҳилаи гурӯҳӣ бар дастаи Юнон (1:0) ғолиб омад.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 55-уми бозӣ Эҳсони Панҷшанбе аз зарбаи 11-метра ба ҳадаф расонида, баъди анҷоми бозӣ ӯ беҳтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон эътироф шуд ва дастандаркорони мусобиқа ба ӯ туҳфаи хотиравӣ тақдим карданд.

Гуфта мешавад, дар давраи дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа футболбозони ҷавони тоҷик бо тими Булғористон (10 январ) ва дар вохӯрии ниҳоии даври гурӯҳӣ бо дастаи Эстония (12 январ) қувваозмоӣ мекунанд.