Айни замон дар торнамои chess.pw овоздиҳии кушод идома ва намояндаи Тоҷикистон аз рақибонаш камтар хол касб карда ва ба дастгирии мухлисон умедвор аст.

Дар ин озмун шоҳмотбоззанон аз Эрон, Лаҳистон (Полша), Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ ширкат варзида, феълан шоҳмотбоззани ҳиндӣ Диани Дэви (Dhyani Dave) пешсаф аст.

Мутриба Ҳотамӣ духтари шоҳмотбоззани маъруф Саодат Одинаева буда, чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон ва дар Олимпиадаи байнулмилалии шоҳмот иштирок кардааст. Соли 1997 дар Душанбе ба дунё омадааст. Рейтинги ҷориаш - 1762 (зинаи 4-ум миёни шоҳмотбоззанони Тоҷикистон).

Бино ба маълумоти масъули ташкили ин чорабинӣ, қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун идома дорад.

«Шумо метавонед номзадҳои худро ба мо тавсия диҳед ё худи шоҳмотбоззанон метавонанд ба емайл: [email protected]и мо мактуб навишта, якчанд аксҳояшонро (мувофиқи имкон аксҳои босифат) ирсол намоянд. Розигии шахсии иштирокчӣ ҳатмист!», - иттилоъ медиҳанд масъулини ташкили озмун.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш овоздиҳӣ дар озмуни зеботарин шоҳмотбоззани кишварҳои узви ИДМ ба итмом расида, зинаи аввалро дар он намояндаи Ӯзбекистон - Гулрухбегим Тоҳирҷонова ишғол кард.