Сомон Маҳмадбеков, варзишгари тоҷики муқими Русия дар Ҷоми Африқо Тоҷикистонро муаррифӣ карда, медали тилло ба даст овард.

Президенти Федератсияи дзюдо ва самбои шаҳри Иркутск Эргаш Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки Сомон дастпарвари мактаби дзюдо дар шаҳри Иркутск буда, дар мусобиқа Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.

Сомон Маҳмадбеков дар сабқат ҳарифонашро аз  Алҷазоир, Белорус ва Тунис дар вазни 66 килограм мағлуб намуда, аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар Ҷоми Африқо ғолибияти кулро ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, варзишгари ҷавон  сараввал дар сабқати ҷудо дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок намуда, сипас ба Ҷоми Африқо роҳ ёфтааст. Илова бар ин, Сомон дар Тунис дар натиҷаи мусобиқа 100 хол ба даст оварда,  ҳамин тавр аввалин варзишгари ҷавоне гаштааст, ки дар ин ҷом парчами Тоҷикистонро боло бардошта бошад.

Сомон Маҳмадбеков- варзишгари тоҷики муқими Русия дар Иркутск таваллуд шуда ба вая расидааст. Вай бародарзодаи варзишгари маъруфи тоҷик Эргаш Маҳмадбеков буда, қаҳрамони дзюдо дар байни юниорҳо ва наврасон дар Сибир аст.

Ҳоло варзишгар ба Ҷоми Аврупо омодагӣ мебинад, ки 15-20 май дар Испания баргузор мешавад. Сомон дар ин сабқат ҳам Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Сомон Маҳмадбеков таҳти  назорати Эргаш Маҳмадбеков ва Фотеҳ Маҳмадбеков- устоди варзиши Русия машқ мекунад.