Дар чорчӯбаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё- 2017 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал бо ҳарифонашон аз Ӯзбекистон бозии дӯстона доир намуда, дар он бо ҳисоби калони 7:4 ғолиб омаданд.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар», бозии мазкур рӯзи 25 апрел дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и шаҳри  Тошканд баргузор гардида, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Файзали Сардоров (3-то), Умед Қӯзиев, Шоҳрух Ҳамидов, Насим Шарифов  ва   Иқбол Воситзода   ба нишон расонидаанд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро футболбозони то 20-сола намояндагӣ кардаанд.