Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар гурӯҳи “D” дар меҳмонӣ бар тими «Олой»-и Ош (Қирғизистон) бо ҳисоби 4 бар 1 дастболо шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро аз дастаи “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ва Дилшод Восиев дутогӣ ба ҳадаф расониданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D”  Олтин Асир”-и Ашқобод (Туркманистон) дар Балканобод чемпиони Қирғизистон - тими “Дордой”-ро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дод.

Баъди натиҷагирӣ аз 4 давр дар ҷадвали гурӯҳи “D”  бо касби 10 имтиёзӣ дастаҳои “Истиқлол” ва “Олтин Асир” пешсафанд. Дастаҳои Қирғизистон баъди ин бохтҳо имкони роҳхат гирифтан аз гурӯҳро аз даст доданд.

Бозии навбатии дастаи “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 санаи 17 май дар шаҳри Бишкек” бо “Дордой” доир гардида,д ар вохӯрии дигар гурӯҳ “Олтин Асир” дар майдони худ “Олой”-ро қабул мекунад.

Қобили зикр аст, ки ба марҳилаи баъдии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 танҳо ғолиби гурӯҳи “D” роҳхат мегирад.