Дар вохӯрии дуюми мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим - Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин низ мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон (U-15) ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дуюм шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи мунтахаби Мянма 5 голи беҷавобро ба ҳафдаф расониданд.

Гуфта мешавад, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ Хусрав Тоиров (дақ. 23-юм), Меҳрубони Абдурауф (дақ. 27), Муҳаммадворис Сайдалиев (дақ. 53, аз зарбаи 11-метра), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (дақ. 57) ва Муҷовид Шовайсудинов (дақ. 90-ум) ба ҳадаф расонидаанд.

Дар бозии аввали ин мусобиқа низ футболбозони навраси тоҷик дастаи Қирғизистонро дилпурона бо ҳисоби 8 бар 0 мағлуб намуда, акнун дар даври ниҳоӣ рӯзи 10 апрел бо тими Чин (оғози вохӯрӣ соати 16:35 бо вақти Душанбе) бозӣ мекунанд.

Иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим - Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 барои футболбозони навраси тоҷик мебошад, ки моҳи сентябр баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.