Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев ва Сумайя Қосимова қувваозмоиро барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио давом медиҳанд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, 8-9 март қувваозмоиҳои даври чорякфинали мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун баргузор шуд.
4 варзишгари тоҷик, ки ба чорякфинал роҳ ёфта буданд, аз ҳарифонашон мағлуб шуданд. Шаббос Неъматуллоев дар вазни -81кг аз Бекзод Нурдавлатови қазоқистонӣ ва Давлат Болтаев дар вазни -91кг аз варзишгари дигари Қазоқистон Василий Левит шикаст хӯрданд.
Давлат аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум шуд (дар вазни -91кг 4 роҳхат пешбинӣ шуда буд), вале Шаббос барои роҳхати панҷуми олимпӣ ду муҳорибаи дигар анҷом медиҳад. Нахуст 10-уми март бо Йомҳот Ҷаккапонг аз Тайланд, ки дар чорякфинал аз намояндаи Урдун шикаст хурд, баъдан 11-уми март бо ғолиби ҷуфти Сачин Кумар (Ҳиндустон) / Нгуйен Суонг (Ветнам) қувва меозмояд.
Баҳодур Усмонов дар вазни 63кг дар чорякфинал аз Обада Алкасбаи урдунӣ ва Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Чин Йуан Чанг мағлуб шуданд. Акнун ҳар ду барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио як имкони дигар доранд. Баҳодур бо Ашкон Ризоии эронӣ ва Сумайя бо Ириш Магнои филиппинӣ нерӯ месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии олимпӣ оид ба бокс дар Осиё/Уқёнус 12 варзишгари тоҷик ширкат карда, 8 нафарашон дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста