Бозии рафиқона байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 31-уми март пешбинӣ гардида буд, баргузор намешавад.

Тавре Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) хабар медиҳад, Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон (АФӮ) тасмим гирифтааст, ки бо сабаби таҳдиди паҳншавии коронавирус, баргузории бозиро бекор мекунад.

Дар КФО қайд карданд, ки қаблан бозиҳои рафиқонаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тимҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳиндустон, ки бояд моҳи март дар Душанбе доир мешуданд, низ бекор шуданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки бозиҳои моҳҳои март ва июни марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол бо иштироки тимҳои қораи Осиё бинобар паҳншавии коронавирус ба муҳлатҳои дертар мавқуф гузошта шуданд.

Ба ин тариқ, вохӯрии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои Тоҷикистону ва Муғулистон, ки бояд рӯзи 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардид, ба муҳлати дертар гузаронида шуд. Бозиҳои моҳи июни марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни дастаҳои Ҷопон – Тоҷикистон (4 июн) ва Тоҷикистон – Мянма (9 июн) низ ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуданд.

Дар бораи санаҳои нави баргузории вохӯриҳо дертар хабар дода мешавад. Зикр мегардад, ки федератсияҳои футбол бо розигии тарафайн ва бо шарти риояи тадбирҳои пурзӯри амниятӣ ва пешакӣ мувофиқа шудан аз ҷониби ФИФА ва КФО бозиҳои марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022-ро гузаронида метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.