Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии ҳисоботию интихобии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуда, дар он Нурулло Лоиқов дубора президенти ин Федератсия интихоб шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Нурулло Лоиқовро дар конференсияи ғайринавбатии ҳисоботию интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи гӯштини дзюдои Тоҷикистон, аъзои федератсия ва кумитаи иҷроия дар ҳузури намояндагони Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши якдилона аз нав Президенти Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдо интихоб намуданд.
Ҳамчунин дар раванди ҷаласа ноиби якум, ноибон, котиби генералӣ, директори генералӣ, раиси доварон ва Раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки яке аз лоиҳаҳои муҳим, ки амалӣ шуд, “Дзюдо дар мактаб” мебошад. Дар доираи ин лоиҳа 10 мактаби ноҳияҳои дурдасти кишвар бо татами ва либоси варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки дар ҳар ноҳия ҳадди ақал 50 наврас ба дзюдо машғул гардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста