Дар мусобиқаи Қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар Сербистон доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон 4 медал -  1 нуқра ва 3 биринҷӣ касб кард.

Дар ин мусобиқа мунтахабҳои ҷавонону наврасон ва миллии калонсолони мардонаву занона оид ба самбо ва самбои ҷангӣ бо ҳам рақобат карданд.

Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кило медали нуқра ба даст овард, ки медали 4-умини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

Комроншоҳи Устопириён (вазни 90 кг), Хушқадам Хусравов (62 кг) байни калонсолон ва Самеъҷон Абдушукуров (87 кг) байни ҷавонон ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа шарафёб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки баргузории мусобиқаи Қаҳрамонии самбои ҷаҳон нахуст дар Туркманистон пешбинӣ гардида, лекин бар асари пандемияи коронавирус, ҳукумати ин кишвар аз баргузории он даст кашид.

Дар робита ба вазъияти душвори эпидемиологӣ ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, мусобиқаҳо дар толори варзишии SPENS дар шаҳри Нови-Сади Сербистон бе ҳузури тамошобинон баргузор шуданд.

Дар мусобиқаи асосии тақвими самбочиёни ҷаҳон ҳамагӣ зиёда аз 400 нафар варзишгарон аз 40 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.