Ҷоизаи имсолаи Президенти Тоҷикистон барои варзишгароне, ки дар сабқатҳои варзишии ҷаҳон медал ба даст овардаанд, ҳанӯз норӯшан аст.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш имсол, 9-уми январ дар ҳоле ҷоизаҳояшро барои фаъолони риштаи варзишу бахши ҷавонон супурд, ки қарор буд Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои варзишгарон низ дар ҳамин рӯз супурда шавад.

Вале дар маросими супурдани ҷоизаҳо танҳо ба чор нафар варзишгари тоҷик ба унвони варзишгарони беҳтарини соли 2020 се ҳазор сомонӣ мукофт додаанду халос.

Ин чор нафар варзишгар Шаҳбос Неъматуллоеву Баҳодур Усмонов варзишкорони риштаи бокс, Акмалиддин Каримов аз риштаи самбо ва Муниса Ойматова аз миёни бонувон дар риштаи таэквандо имсол ҷоизаи варзишгари беҳтаринро ба даст овардаанд.

Шаҳбози Искандар мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба “Азия-плюс” гуфт, ки ин ниҳод озмуни барандагони Ҷоизаи Президенти Тоҷикистонро баргузор ва рӯйхатро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ирсол кардааст.

Пештар аз ин аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба “Азия-плюс” гуфта буданд, ки ин ниҳод барандагони ҷоизаи президент дар риштаи варзишро муайян кардааст ва 31-уми декабр дар як маросими хос ба онҳо ин ҷоиза супорида мешавад. 

Вале ҳоло далели тақдим нашудани ҷоизаро дар ин ниҳод ба он марбут медонанд, ки то кунун рӯйхати варзишгарони баранда дар дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба имзо нарасидааст.

“Агар ин рӯйхат ба имзо расад, онҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳоло маълум нест, ки кай ба имзо мерасад. Ин аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобастагӣ надорад”,-гуфт Шаҳбози Искандар.

Аммо Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “албатта масъалаи қадрдонӣ шудани беҳтарин варзишгарони сол дар Тоҷикистон феълан мавриди омӯзиш қарор дорад ва рӯзҳои наздик маълум мешавад”.

Ҳамчунин Шаҳбози Искандар аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи ин ки кадом варзишгарон шомили ин рӯйхати пешниҳодии Кумитаи кор бо ҷавонон ҳастанд худдорӣ кард. Танҳо гуфт, ки чор нафаре, ки ниҳоди онҳо ба унвони варзишгари беҳтарин  дар соли 2020 эълон кардааст шомили ин рӯйхат ҳастанд.

Пештар як манбаъ аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс”  гуфта буд, ки варзишгароне, ки дар соли 2020 ба дарёфти Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон сазовор шудаанд, маълум шуданд. Онҳо ҳамагӣ чор нафаранд, ки ҳама қаҳрамонҳои куштии озод ва юнониву румӣ дар қаҳрамонии Осиё мебошанд. Ин манбаъ гуфта буд, ки имсол ҷоизаро Муҳаммадҷон Икромов,  Ҳикматулло Ваҳҳобов ва Искандари Рустам  ҳар се дар риштаи кӯштии озод ва Мубинҷон Аҳмедов дар риштаи кӯштии юнониву румӣ ба даст овардаанд.

Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соли 2015 бо номи “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” таъсис дода шуд, ки соли 2016 бисту як нафар ва соли 2017 бисту шаш нафар, соли 2018 ба 74 нафар, соли 2019 42 нафар, варзишгар соҳиби ин ҷоиза шуданд.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола ба варзишгарони беҳтарин супорида мешавад ва ҳаҷми маблағи он вобаста ба натиҷаи бадастоварда ва намуди варзиш аз 15000 то 300000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Имсол, ки бар асари ҳамагирии коронавирус аксари мусобиқоти варзишии байнламилалӣ, бо шумули мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон лағв шуданд, ки мутаносибан дастовардҳои варзишгарон ҳам дар сабқатҳои ҷаҳонӣ камтаранд.

Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, ки соли 2020 новобаста аз маҳдудиятҳо 232 нафар варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, 124 медал ба хазинаи варзишии мамлакат ворид намудаанд.

Аз ин шумора 34 медали тилло, 32 нуқра ва 58 медали биринҷӣ мебошад, ки дар чунин як шароити мураккаби ҷаҳонӣ барои кишвари мо ин дастоварди бузург аст,-эътироф кардааст ин ниҳод

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.