Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) вақти оғози бозиҳои мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021-ро дар гурӯҳи “F”, ки аз 14 то 20 май дар Душанбе доир мегардад, тасдиқ кард.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F”-и минтақаи Марказӣ дорандаи медалҳои нуқраи Чемипионати Лигаи олии футболи Тоҷикитсон “Хуҷанд”, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпионати футболи Ӯзбекистон - “Насаф”-и Қаршӣ, “Олтин Асир”-и Ашқобод (Туркманистон) ва соҳиби ҳозираи “Ҷоми футболи Қирғизистон “Олой”-и Ош рақобат мекунанд.

Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд. Мувофиқи қарори КФО, бозиҳо бо иштироки бошгоҳи “Хуҷанд” соати 21:05 дақиқа оғоз мегарданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е” аз 14 то 20 май дар Бигшкек доир мегардад. Дар ин гурӯҳ соҳиби ҳозираи Ҷоми футболи Тоҷикистон бошгоҳи “Равшан”-и Кӯлоб”, қаҳрамони Чемпионати футболи Қирғизистон - “Дордой” ва дорандаи медалҳои нуқраи Чемпионати футболи Туркманистон - “Аҳал” бозӣ мекунанд. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов саоти 19:00 бо вақти Душанбе оғоз мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ғолибони гурӯҳҳои минтақаи Марказии Ҷоми КФО-2021 дар финали минтақавӣ бозӣ мекунанд, ки аз ду вохӯрӣ иборат буда, рӯзҳои 11 ва 25 август баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.