Дар Душанбе рӯзи 25 октябр мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-сола (U-23) дар гурӯҳи “В” оғоз шуд.

Тавре маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад, дар даври аввал мунтахаби футболи ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон (дастаи олимпӣ) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дастаи Лубнонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Гуфта мешавад, тӯби ягонаро дар вохӯрӣ ҳимоятгари тими “Истиқлол”-и пойтахт Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонид.

Бозии дигар дар гурӯҳи “В” байни тимҳои мунтахаби Эрон ва Непал бо ҳисоби калони 4:0 ба фоидаи футболбозони эронӣ ба анҷом расид.

Дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 28 октябр мунтахаби футболи ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Непал бозӣ мекунад.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе доир гардида, соати 19:00 оғоз мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.