Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, бори ёздаҳум дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ҳамлагар Рустам Соиров, ки беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд, муаллифи голи ягонаи дидор гардид.

Гуфта мешавад, қаблан “Истиқлол” дар солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020 ва 2021 барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуда буд.

Вохӯриҳо барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон аз соли 2010 оғоз гардидида, “Истиқлол” 11 маротиба ва ду маротибаи дигар ин ҷоизаро дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Ҳосилот”-и Фархор соҳиб шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.