Дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштингирӣ байни наврасон ва ҷавонон дар Бишкек намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти се медал шарафёб гардиданд. Мусобиқа рӯзи 18 июн баргузор шуд.

Гӯтингири доғистонӣ дар навъи озод Абдулмаҷид Кудиев, ки ба ҳайати Тоҷикистон даъват шуда буд, дар байни наврасони синни то 23-солаи вазни 65 кг медали тилло ба даст овард.

Дар қувваозмоии якуми худ Кудиев аз паҳлавони қазоқистонӣ Акбар Қурбонов бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда, дар рақобати дуюм бар варзишгар аз Муғулистон Тугсҷаргала Эрденебата бо ҳисоби 11:1 дастболо шуд. Дар қувваозмоии нимфиналӣ ӯ намояндаи Ҳиндустон Сингх Йаскаранро бо ҳҳисоби 11:7 шикаст дода, дар рақобати финалӣ ба мизбони мусобиқа Аден Саикбоев бо ҳисоби 10:0 пирӯз шуд.

Ҳамчунин байни гӯштингирони тоҷик Мустафо Аҳмедов дар вазни 70 кг бар се ҳариф дастболо шуда, ба як нафар қувваозмоиро бохт. Дар вазни 63 кг Фирӯз Мирзораҷабов ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.