Ҷудокорони тоҷик Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 ба медалҳои нуқра соҳиб шуданд, хабар медиҳҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Темур Раҳимов қувваозмоиҳоро аз даври дуюм оғоз намуда, бар варзишгари Ҳолланд Йелле Снип дастболо шуд. У дар даври чаҳорякфиналӣ ҳам пирӯз шуда, дар даври нимфиналӣ намояндаи Ҷопон Како Кагерураро мағлуб кард, вале дар қуввваозмоиии финалӣ аз варзишгари Финландия Мартти Пуумалайнен шикаст хӯрд ва ба медали нуқраи мусобиқа соҳиб шуд.

Темур Раҳимов аз чап
Сурат: АМИТ "Ховар"

Ҷудокор Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) дар рақобати финалӣ аз варзишгари Ҷопон Соичи Хашимото шикаст хӯрда, ӯ низ медали нуқра ба даст овард.

Мусобиқаи Hungary Masters-2023 рӯзҳои 4-6 август дар Будапешт (Маҷористон) баргузор гардида, дар он ҷудокорони 58 кишвар ширкат варзиданд.

Мувофиқи қоидаҳо, дар Hungary Masters-2023 танҳо варзишгароне иштирок карда метавонистанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ зинаи на поинтар аз 36-умро ишғол мекарданд.  

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 варзишгар намояндагӣ карданд:

- дар вазни 60 кг Эмомалии Нуралӣ,

- 66 кг Обид Ҷебов,

- 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода,

- 90 кг Комроншоҳ Устопириён,

+ 100 кг Темур Раҳимов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.